18 Август 2021 - 15:04
Дидори аъзои дафтари сиёсии Толибон бо Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул

Аъзои дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешин ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Кобул дидору гуфтугӯ карданд.

ABNA24 : Ба гузориши имрӯз, чаҳоршанбеи Хабаргузории садо ва симо, Анас Ҳаққонӣ ба ҳамроҳи ҷамъе аз аъзои дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон бо Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул дидор ва дар бораи мавзуоти мухталифи Афғонистон гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.

Ин нахустин музокироти аъзои дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли қудрати Афғонистон дар Кобул аст.

Дишаб Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар нахустин нишасти хабарии худ дар Кобул аз ройзаниҳо бо чеҳраҳои сиёсии Афғонистон барои ташкили давлати фарогир хабар дод. Толибон то кунун дар бораи Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли қудрат, муташаккил аз Ҳомид Карзай, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Гулбидин Ҳикматёр, изҳори назар накардааст.

Рӯзи якшанбе (15 август) ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои гурӯҳи Толибон ба Кобул (пойтахти Афғонистон) ва фирори Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон аз ин кишвар, давлати вай суқут кард.

Гурӯҳи Толибон низ бо тасарруфи Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон поёни ҷанг дар ин кишварро эълом кард.

Ҳамакнун гурӯҳи Толибон бар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон мусаллат аст.

Низомиёни ишғолгари Амрико ҳам бо 20 соли ҳузур дар Афғонистон, саранҷом бо сарафкандагӣ ва шикаст, маҷбур ба тарки ин кишвар шудаанд.

342/